Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия дар Украина 133 ҳавопаймо ва 458 бесарнишинро нобуд карданд

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащий из состава контингента миротворческих сил ОДКБ в Казахстане
Военнослужащий из состава контингента миротворческих сил ОДКБ в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе гуфт, нерӯҳои Русия дар Украина 133 ҳавопаймо ва 458 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Украина нерӯҳои мусаллаҳи Русия 133 ҳавопаймо ва 458 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд карданд.
Дар ин бора, генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе хабар дод.
"Дар маҷмуъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ 133 ҳавопаймо, 458 ҳавопаймои бесарнишин, 246 системаи зиддимушакии зидди ҳавоӣ, 2246 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 252 ракетабаранда, 981 тӯпхонаи саҳроӣ ва як миномёт, ҳамчунин 2146 мошини махсуси ҳарбӣ нобуд карда шудаанд", - гуфт Конашенков.
Продолжается освобождение Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбози асир гуфт, чаро нерӯҳои Украина таслим шуданд
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0