Ҷабборов аз мушкилот дар марз бо Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳалли масъалаҳои баҳсбарангези сарҳадӣ дақиқкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва мувофиқатро талаб мекунад, мегӯяд раҳбари Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Қитъаҳои баҳсбарангези марзи Қирғизистону Тоҷикистон як масъалаи мушкили Қирғизистон аст.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон зимни суханроние дар солгарди муноқиша дар марз бо Тоҷикистон изҳор дошт.

"Масъалаҳои марбут ба мавзеъҳои баҳсбарангези сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон то ҳол мушкил боқӣ мондаанд. Ҳалли онҳо аз мо дақиқкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва мувофиқатро тақозо мекунад", - таъкид кард сарвари ин давлат.

Ба бовари ӯ, ҳаводиси ахири ҷаҳон нишон дод, ки "масъалаи марз бо кишварҳои ҳамсоя бояд танҳо аз тариқи муколамаи сулҳомез ва эҳтироми ҳамдигар ҳал шавад".
Ӯ гуфт, комиссияи байнидавлатии ҳалли низоъ корашро идома дода, масъалаҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези сарҳади давлатӣ ҳал мешаванд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе манфиатдор аст, ки ҷудошавии марз бо Қирғизистон ҳарчи зудтар анҷом шавад. Аммо вай қайд кард, ки ин раванд тулонӣ буда, саъю кӯшиши ҳар ду тарафро талаб мекунад.
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Президенти Қирғизистон аз мардумаш хост ӯро ором гузоранд
Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2021 дар марзи ду кишвар миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаи шадид рух дода буд.
Дар мавзеи тақсими оби мавсум ба "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон муътақиданд, ки иншооти тақсими об дар қаламрави онҳо воқеъ аст, аммо то ҳол моликияти ин гиреҳ мушаххас нашудааст.
Худи рӯзи дигар, 29 апрел низоъ миёни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрди мусаллаҳонаи миёни низомиён табдил ёфт.
Даргирӣ миёни марзбонони қирғиз ва тоҷик беш аз шаш соат идома кард. Вазирони хориҷа ва нахуствазирони ду кишвар дар мавриди оташбас ва хуруҷи таҷҳизоти низомӣ музокироти изтирорӣ анҷом доданд, аммо рӯзи дигар табодули оташ аз сар гирифта шуд.
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
"Эҳтиёт кунед": тавсияи Қирғизистон ба Туркия барои фурӯши "Байрактар" ба Тоҷикистон
Бар асари даргирӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 87 нафари дигар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 захмӣ хабар дод.
Минтақаҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи ҷанг табдил меёбанд. Сабаби асосӣ қитъаҳои делимитатсиянашуда мебошад, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна будани сарҳад имконнопазир аст.
Лентаи хабарҳо
0