Омодагии Шӯрои олии муқовимати Афғонистон барои гуфтугӯ бо толибҳо

© facebook/Ata Mohammad NoorУстод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон эълом кард, ки омодааст, бо намояндагони толибон барои дарёфти роҳи раҳоӣ аз вазъияти феълӣ дар ин кишвар музокира кунад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Шӯрои муқовимати Афғонистон гуфт, ки омодааст, бо намояндагони Толибон барои дарёфти роҳи раҳоӣ аз вазъи кунунии кишвар гуфтушунид кунад.
"Шӯрои Муқовимат барои раҳо кардани кишвар аз вазъи кунунӣ, ва ташкили давлати интиқолии фарогир омода аст бо толибон музокира кунад", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки ба ихтиёри шабакаи телевизионии 1TV-и Афғонистон афтодааст.
Дар ин санад пешниҳоди таъсиси “ҷумҳурии исломии ғайримарказонидашудаи парлумонӣ” дар Афғонистон аст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки муқовимати мусаллаҳона то замоне идома хоҳад кард, ки ҳукумати толибон як ҳукумати фарогири давраи интиқолиро таъсис надиҳад.
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод
Тибқи ин санад, шӯро ҳамчунин талош дорад бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равобит барқарор кунад, фаъолони сиёсӣ ва дипломатҳои тамоми ҷаҳонро ба ҳамкорӣ ҷалб кунад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон моҳи октябри соли 2021 аз ҷониби нухбагони сиёсии фирории ин кишвар аз қабили Атомуҳаммади Нур, Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Абдурашиди Дӯстум, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва дигарон таъсис шуда буд.
Ин шӯро қаблан дар Анқара ҳамоише дошт ба гуфтаи коршиносон интизор доштанд, ки толибон пешниҳоди гуфтушунидро медиҳанд, аммо чунин нашуд.
Ба гуфтаи таҳлилгарони умури Афғонистон, ин нухбагони сиёсӣ танҳо талош доранд охирин имконоти худро истифода кунанд, то дар сиёсат баҳри ҳифзи дороиҳои хеш ҷойгоҳе дошта бошанд.
Дар акси ҳол ба гуфти онҳо, дар дохили кишвар онҳо чун қабл миёни мардум нуфузе надоранд ва ягона умеди мардум Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд аст.
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Ализай: Артиши Афғонистон аз мақомҳои амрикоӣ паёмҳои қатъи набард бо толибонро мегирифт
Ёдовра мешавем, ки толибҳо пас аз ин созиш дар баҳори соли 2021 ҷангҳоро алайҳи артиши Афғонистон оғоз карданд ва дар як муддати кутоҳ шаҳру рустҳоро ҳатто бидуни ҷанг мегирифтанд, ки баъдар гуфта мешуд, чунин ҳолат дар пайи муомилаҳо сурат гирифтааст.
Билохира санаи 15 август ҳукумати ғанӣ бо дору надораш аз Кобул фирор кард ва толибон бидуни ҷанг вориди шаҳр шуд ва ҳукумати худхондааш Аморати исломиро сохт, ҳамакнун наздик ба як сол мешавад на машруити дохилӣ ва на хориҷиро дорад.
Лентаи хабарҳо
0