Рақобати дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусовӣ анҷом ёфт

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикские футзалисты на Международном турнире SAT International Futsal Championship 2020 в Таиланде
Таджикские футзалисты на Международном турнире SAT International Futsal Championship 2020 в Таиланде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бозии аввали дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусовӣ анҷом ёфт. Футболбозони тоҷику ӯзбек ба дарвозаи ҳамдигар 4 голӣ ворид карданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Нахустин бозии дӯстона миёни мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳисоби мусовӣ 4:4 анҷом ёфт.
Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, дар Ҷиззах баргузор шуд.
Рақобат дар Маҷмааи варзишии "Суғдиёна" гузаронида шуд, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки аз ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон голҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Идрис Ёров ва Дилшод Саломов ба нишон расониданд.
Бояд гуфт, 15 июл футзалбозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Ҷиззах бозии дуюми дӯстонаашонро баргузор мекунанд.
Шикасти навбатии мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022
Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" ҳунарнамоӣ мекунад.
Мураббии футзал: вақти "ҷавон" кардани тими миллии Тоҷикистон фаро расидааст
Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои мунтахаби Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0