ВАО: Русия нафти дараҷаи аъло истихроҷ мекунад

Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳукумати Русия нақшаи эҷоди истихроҷи нафти истисноиро дар посух ба талошҳои Ғарб барои маҳдуд кардани даромадҳои нафтии Русия таҳия мекунад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти Русия нақшаи тавлиди навъи нафти вижаро дар соли 2023 таҳия кардаанд, менависад "Bloomberg".
Ин ба зарурати ҳифзи худ аз кӯшишҳои Ғарб барои маҳдуд кардани вуруди доллар ба кишвар вобаста аст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, вазоратҳои калидии Русия ва Бонки марказии Русия тасмим доранд, аз моҳи октябр ба тиҷорати нафт дар платформаи миллӣ шурӯъ кунанд.
Расонаҳо: Аврупо бо ангишту ҳезум ба зимистони шадид омодагӣ мебинад
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Русия ба ин кор шарикони хориҷиро ҷалб мекунад, то ба ҳаҷми кофии тиҷорат барои таъсиси меъёр аз моҳи март то июли соли 2023 ноил шавад.
Ду мансабдори рус, ки номашон бурда намешавад, таъйид карданд, ки корҳо дар ин самт идома дорад, зеро кишвар талош дорад, ки ашёи хоми он бидуни фишор ва маҳдудиятҳои беруна фурӯхта шавад.
Талоши Қазоқистон бораи дарёфти роҳҳои нави содироти нафт ва шарҳи Кремл
Пешниҳоди "ҳафтгонаи бузург" танҳо як бори дигар зарурати чунин маҳсулотро собит кард, гуфт яке аз ҳамсуҳбатони агентӣ.
Мувофиқи ҳуҷҷат роҳандозии ин тарҳ "дар мархалаи аввал" қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0