Афзоиши наздик ба 40-дарсадии савдои хориҷии Суғд: шимоли Тоҷикистон чӣ содир кард?

© AP / Elaine ThompsonГрузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото
Грузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи наздик ба яку ним миллиард доллар савдо доштааст, ки ҳиссаи воридот чун ҳамешагӣ бештар аз содирот аст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА баробар шудааст.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 38,2% ва ё 391,3 миллион доллар бештар аст.
Ҳаҷми воридот 897 млн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147 млн доллар ё 19,7 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё зиёд мебошад.
Ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз ҳисоби зиёд шудани содироти нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, либосворӣ ва маъдану консентрат афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,1% боло рафтааст.
Аҳмадзода гуфт, ки гардиши савдои хориҷии вилоят бештар ба кишварҳои ИДМ рост меояд, ки 63% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3 ҳазору 212 тонна ё 3,5 фоиз таъмин гардида, 92 ҳазору 875 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори беруна бароварда шуд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи хушкмева ва пиёз хеле назаррас боқӣ монда, дар ин давра 19 ҳазору 480 тонна хушкмева ба маблағи 11,96 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 7 ҳазору 13 тонна ва ба маблағи 7,0 млн доллар зиёд мебошад.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 61 ҳазору 730 тонна пиёз ба маблағи 6,2 млн. доллар содирот карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0