Ҳузури Раҳмон дар машқҳои махсуси тактикӣ дар Фахробод - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури кишвар ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик дар Фахробод дар гузашти низомӣ ва машқҳои махсуси тактикӣ иштирок кард
Нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон командири Бригадаи ҳамлаовари десантӣ полковник Абдулмумин Асозода, ки роҳбарии машқҳои махсуси тактикиро бар уҳда дошт, доир ба ташкилу баргузории чанд унсури зиддитеррористӣ гузориш дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумщур
Тибуи иттилои манбаъ, дар машқҳои махсуси тактикӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси муосири зиреҳдор, чархболҳои МИ-8, МИ-24 ҳавопаймоҳои ҷангиву таълимии Л-39, АН-2, силоҳу муҳиммоти муосири низомӣ ва дигар аслиҳаи ҳозиразамони оташфишон истифода шуд.
Раҳмон аз иштироки Бригадаи десантӣ дар нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфт
Дар машқҳои махсуси тактикӣ, тарзи ташкил ва тарҳрезӣ намудани амалиёти десантчиён, бурдани разведкаи заминиву фазоӣ, интиқоли қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои баталионӣ-тактикии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба минтақаи иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, бо тактикаву усулҳои хос тасарруф ва нобудсозии пойгоҳи террористӣ иҷро намуданд.
Ҳамчунин, тавассути чархболу ҳавопаймо дар баландиҳои гуногун ва талу теппаҳои ноҳамвор бо усули ҷаҳидану тариқи парашутҳо аз ақибгоҳи душман фуруд овардани десанти фазои тактикӣ, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона таъмини ҳайати шахсӣ бо воситаҳои моддиву техникӣ, пурра торумор намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва дигар унсурҳои зиддитеррористиро амалан иҷро намуданд.
Раҳмон ба тамрингоҳи ҳарбии Фахробод рафт: сабаб
Зимни анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокчиёни ин чорабинии ҷашнӣ, маҳорати касбӣ ё худ омодагии десантчиён дар задухӯрдҳои тан ба тан низ бо усулҳои шарқӣ намоиш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0