Аҳмадзода марз бо Узбакистонро мумфарш мекунад

© Пресс-служба президента Таджикистана Обновление дорог на территории поселка Яван
Обновление дорог на территории поселка Яван - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳи Сарбанд – сарҳади Узбакистон ба масофаи 2,6 километр мумфарш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Спитамен бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Узбакистон оғоз шуд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон мумфарш карда мешавад.

Кайраккумская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода аз нерӯгоҳи Қайроққум дидан кард

Савдо миёни Тоҷикистону Узбакистон гарм мешавад: Аҳмадзода бо ҳокими Фарғона суҳбат кард

Аҳмадзода ҳамзамон аз раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки соли равон бо дастгирии мақомоти вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо беш аз 100 километр роҳҳои мошингард мумфарш хоҳад шуд.

Корхонаи “Норд Азия Металл” ба тавлиди бомпӯшҳои металӣ оғоз кард

Ёдовар бояд шуд, ки роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масофаи 2,6 километр мумфарш карда мешавад ва фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0