14:32 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
368 0 0

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев пас аз истеъфо дар тими “Кӯктош” –и ноҳияи Рӯдакӣ дар назар аст ба дастаи “Истаравшан” гузарад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мутахассиси таҷрибадори тоҷик, собиқ сармураббии бошгоҳи “Кӯктош” - Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо тими футболи "Истаравшан" шартнома хоҳад баст, хабар додааст сомонаи телевизиони “Варзиш”.

Ба иттилои худи мураббӣ масъулияти омода намудани дастаро ба мавсими нави футбол ба ӯҳда гирифтааст ва интизор меравад, ки ӯ расман рӯзи 17-уми феврал ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, қарордод бандад.

Ёдовар мекунем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев моҳи июли соли гузашта сармураббии тими “Кӯктош” таъйин шуда, моҳи феврали соли 2021 бо истеъфо аз тим рафт.

Ӯ сабаби истеъфояшро шарҳ надод ва танҳо гуфт: "Бигзор он миёни ману роҳбарияти даста боқӣ монад".

Ҳабибуллоеви 55-сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.

 Номбурда  соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.

Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.

Финали Ҷоми ФФТ-2021: ғолибони бозиҳои давраи дувум муайян шуданд

Баъдан, худи ҳамон сол  ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.

Барчаспҳо:
Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббӣ таъин шуд, Истаравшан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ