13:40 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Пояи парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

Президент Айёмбеков, Мамадасламов, Шанбиев ва Раҷабовро қабул намекунад?

© Sputnik / Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4201 0 0

Хабаргузории давлатии “Ховар” дар пайи нашри хабарҳо, ки 4 “роҳбари ғайрирасмӣ”-и Бадахшон барои мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омадаанд, фаврӣ ҷавобия нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik.  Тибқи иттилоияи “Ховар”, ки зери унвони “фаврӣ” шаби 27 октябр нашр гардидааст, Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев баъди савганду тавбаашон, ки ҷиноят намекунанд, метавонанд озодона аз макони зисти худ берун оянду ба навоҳии дигари Тоҷикистон сафар намоянд. 

Рӯзи 27 октябр иттилоъ дода шуд, ки Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов ба Душанбе сафар кардаанд, то дар ҳузури раисиҷумҳур бепоя будани иттиҳоме, ки алайҳи онҳо ироа шудааст, баён кунанд.

Аммо дар ҷавобияи нашркардаи “Ховар” ба ин иттилоъ, таъкид шудааст, ки “гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ягон кас қабул надорад ва намепазирад”.

Дар маводи нашркардаи хабаргузории давлатӣ таъкид шудааст, ки шаҳрвандони зикршуда на “лидер”, балки саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ – ГМҶ мебошанд.

Дар хулосаи матлаби нашркардаи "Ховар" омадааст, “гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон” хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд.

“Гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд. Аз ин пас, аъзои ГМҶ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус  оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз ҳудуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва  барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндагӣ доранд, раванд”, - иттилоъ дода шудааст дар ҷавобияи нашркардаи “Ховар”.

Мавзӯъҳои асосӣ