05:00 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Баъди 2 таркиши газ дар 1 моҳ: қарори нави Эмомалӣ Раҳмон барои бехатарӣ

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (39)
305901

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат меъёрҳои нави техникии бехатарӣ барои интиқолу истифодаи газҳои табиӣ ва моеъро тасдиқ кард, ки назорат дар ин бахшро пурзӯр мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, талаботи нави ҳатмии бехатарӣ зимни интиқолу истифодаи гази табиӣ ва моеъ дар кишвар роҳандозӣ мешаванд, ки ҳадаф ҳифзи ҷону моли шаҳрвандон мебошад.  Дар феҳрасти ҳадафҳои дигари ин қарор - ҳифзи муҳити зист, пешгирии фиреби истеъмолкунандагон ва таъмини самаранокии энергетикӣ арзёбӣ шудааст.

Дар қарор, ки раисиҷумҳур 31-ум май имзо кардааст, таъкид гардидааст, ки талаботи нав барои интиқолу истифодаи газ дар Тоҷикистон баъди 6 моҳ мавриди амал қарор мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ожонси “Тоҷикстандарт”-ро муваззаф кардааст дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари дахлдор регламенти ҷадиди техникии интиқолу истифодаи газ, аз ҷумла газҳои табиӣ ва моеъро дар амал татбиқ созанд.

Қабули меъёрҳои нави техникӣ барои истифодаю интиқоли газ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Душанбе ду ҳолати таркиши газ рух дод. Аз ҷумла рӯзи 18 май бар асари таркишу сӯхтори газ дар чоҳи амудии буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш 6 нафар маҷруҳ гардиданд. Мақомот онро натиҷаи хунукназарии кормандони ширкати “Васл-саноат” арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки алайҳи 4 масъули ин корхона парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Ҳодисаи дигар 24 апрели соли 2019, соати 21:00 дар қубури газгузари Д-133, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур рух дода буд. Шаҳрдории Душанбе аз қавли “Душанбегаз” гуфт, сӯрохӣ дар қубури фарсудаи газ боиси садама дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт шудааст.

Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (39)
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, бехатарӣ, амният, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ