03:13 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Сотрудник полиции, архивное фото

Мақомоти Русия фаъолияти мазҳабии "Тоҷик оила"-ро ошкор кард

© Sputnik / Евгений Одиноков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
320 0 0

Мақомоти Русия фаъолияти гурӯҳи мазҳабии "Тоҷик оила"-ро дар деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран ошкор кард

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Додситонии ноҳияи Сизрани шаҳри Самара гурӯҳи мазҳабиеро ошкор кардааст, ки роҳбарии онро зодаи Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯяд, дар паи баргузории чорабиниҳои санҷишӣ муайян шуда, ки ин гурӯҳ дар мақомоти дахлдор Вазорати адлияи Русия сабти ном нашуда ва ғайриқонунӣ фаъолият мекардааст.

Манзили доишӣ: ФСБ навори хонаи як узви ДОИШ-ро нашр кард - Видео

Санҷиш муайян карда, ки дар яке аз биноҳои деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран ҷамъомади тарафдорони созмони мазҳабии "Тоҷик оила", ки роҳбариашро зодаи Тоҷикистон бар уҳда дорад, баргузор шудааст.  

Дар Вазорати адлияи Федератсияи Русия ин созмон сабти ном нашудааст, - омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷаи баргузории санҷиш, роҳбари ин созмон аз ҷониби Додситонии маҳаллӣ огоҳ карда шуд, то даст ба фаъолияти ғайрйриқоунӣ ё ифротӣ назанад.

"Ҳама маст буданд": бозпурсии тоҷикони боздоштшуда дар Маскав-видео аз СИЗО

Ҳамчунин аз ҷониби прокурори ноҳиявӣ, дар ин росто, парвандаи маъмурӣ боз шудааст, ки дар ҳоли санҷиш қарор дорад.

Барчаспҳо:
огоҳӣ, Додситонӣ, Самара, гурӯҳ

Мавзӯъҳои асосӣ