17:51 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2133 0 0

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе марди 32- солаеро боздошт намуданд, ки манзили ба иҷорагирифтаашро ба фоҳишахона табдил додаст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, марди 32- сола сокини ноҳияи И.Сомонӣ барои алоқаи ҷинсии марду зан дар манзили иҷорааш 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, кормандони милитсия марди 32-сола сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣро бо гумони ташкил ё нигаҳдории фоҳишахона дастгир намуданд.

Боздошти зани 48-сола барои ташкили фоҳишахона

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 25-уми июли соли равон, тахминан соати 18:00, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар хиёбони Рӯдакиро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Боздошти марди 55-сола барои ташкили фоҳишахона барои ҷавонони Хуҷанд

Манбаъ қайд намудаст, ки дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот дар ин самт идома дорад.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, боздошт, мард, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ