18:05 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Тасвирбаён

Интихоботи президенти Тоҷикистон: муҳиммот

Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (28)
812 0 0
Интихоботи президентӣ — 2020  дар Тоҷикистон
© Sputnik /

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи қариб сисолаи Тоҷикистони мустақил мебошад.

Тирамоҳи соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад, то ин дам президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон чаҳор маротиба дар интихобот пирӯз ва президенти Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Имсол барои баргузории интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ омода мешаванд. 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар дар тоҷикистон шаҳрвандоне мебошанд, ки ҳуқуқи овоз доданро доранд.

Тақрибан дар 30 сафоратхонаҳо, 39 ҳавзаҳои интихоботӣ созмон дода мешаванд.

Ҳамаи номзадҳо бояд аз ҷониби КМИ то 15 сентябри соли 2020 сабти ном шаванд ва дар давоми 25 рӯз барномаи тарғиботии худро роҳандозӣ намоянд.

Нахустин номзад

Ҳамин тавр, рӯзи 15 август дар нишасти Ҳизби аграрии Тоҷикистон номи нахустин номзад муайян шуд. Ин Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии кишвар мебошад. 

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

Латифзода бо масоили экологӣ сару кор дорад. Ӯ аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон фаъолият карда, ба ҳайси Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон кор кардааст.

Номзади дуюм

Номзади дуюм ба мақоми президенти Тоҷикистон раиси Ҳизби сотсиалистӣ -  Абдуҳалим Ғаффоров, шуд. Ӯро рӯзи 16 август пешбарӣ карданд.

Ғаффоров дар бораи нақшаи худ дар сурати пирӯзӣ дар интихобот гуфт. Ӯ гуфт омода аст аз ҳалли се мушкили мубрам: нафақаи паст барои бознишастаҳо, маъюбон ва занони танҳо; азхудкунии маъданҳои табиӣ ва баланд бардоштани маълумоти техникии насли наврас, фаъолияти президентиашро оғоз кунад.

Ёдрас мешавем, ки Ғаффоров дар ду интихоботи солҳои пеш низ ба маснади президентӣ пешбарӣ шуда буд.

Номзади сеюм

Ҳамчунин, Ҳизби демократи Тоҷикистон дар анҷумани 16-уми ғайринавбатиаш, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизб, инчунин Таваралӣ Зиёзода муовини раис ва Муҳаммадҷони Авлиё масъули ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб дар миён гузошта шуда, аммо дар даври овоздиҳӣ Саидҷаъфар Усмонзода бо гирифтани аксари орои вакилони ҳизбаш номзади мутлақ дар интихоботи президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода, дар интихоботи парлумонии баҳори имсол барои бори дуюм аз ҲДТ вакили парлумон интихоб гардид. Дафъаи қабл дар соли 2015 ба парлумони Тоҷикистон роҳ ёфта буд.

Чорумин номзад

Раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода чаҳорумин номзади курсии президентӣ пешниҳод шуд. Номзадии Раҳматзода рӯзи 24 август, дар ҷаласаи пешазинтихоботии ҲИИТ дар Душанбе маълум шуд.

Рустам Раҳматзода дар баромади худ қайд кард, ки ҳадафи ӯ мубориза бо камбизоатӣ, рушди иқтисод, ислоҳоти соҳаи бонкӣ ва ғайра аст.

Аз "бозӣ" берун

Дар ин миён раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон эълон дошт, ки номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намекунад ва изҳори умедворӣ кард, ки шӯрои сиёсии ҳизб низ ба интихобот бойкот эълон мекунад.

Раҳматилло Зойиров дар изҳороташ эълон кард, ки “қонуни амалкунандаи конститутсионӣ дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон пеш аз Конститутсияи амалкунандаи кишвар қабул шуда, зимни қабули он дар Конститутсия ниҳод дар бораи интихоботи президенти ҶТ вуҷуд надошт, яъне аз замони қабул ин қонун зиддиконститутсионӣ аст”.

Раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад

Ҳамин тавр то имрӯз чаҳор ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро ба маснади президенти Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (28)
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, интихобот, президент

Тасвирбаёни бештар

Мавзӯъҳои асосӣ