14:33 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Ҷиноят ва ҷазо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3630 0 0

Аз роҳбари Ожонси зидди фасод қазияи раиси "Агроинвестбонк" пурсида шуд, ки дар тасарруфи маблағи калон муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тағоймуродов Фаррух собиқ раиси "Агроинвестбонк" дар тасарруфи маблағи калон муттаҳам дониста мешавад, чунин посух дод Фаррух Акрамзода муовини раёсати тафтишоти Ожонс ба суоли хабарнигорон.

Дар нишасти матбуотии ин ниҳод, аслан суолҳо аз тақдири собиқ роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва аз ҷумла қазияи Тағоймуродов пурсида шуд, ки дар азхудкунии маблағи давлатӣ муттаҳам дониста мешаванд.

Дар робита ба ин қазия, Акрамзода гуфт, нисбати собиқ раиси "Агроинвестбонк" рӯзи 20 марти соли гузашта тибқи моддаҳои 265, 246 қисми 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тағоймуродов ба он муттаҳам мешавад, ки дар тасарруфи маблағҳои қарзӣ ва ҳамчунин ғайриқонунӣ додани қарз мусоидат намудааст.

Ба изҳори Икромзода собиқ раиси "Агроинвестбонк", 37,7 миллион сомониро тасарруф намудааст.

"Ҳоло тафтишоти пешакии парвандаи ӯ идома дошта, нисбаташ чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтан татбиқ шудааст", - тавзеҳ дод Акрамзода.

Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд

Ёдовар мешавем, ки Тағоймуродов Фаррух соли 2012 пас аз маҷлиси солонаи саҳомони бонк бо хоҳиши худ аз вазифаи Раиси "Агроинвестбонк" озод карда шуд.

Вале, як сол пас, аниқтараш 25 декабри соли 2013 бо қарори Шӯрои нозирони бонк ӯ муовини якуми бонки мазкур таъйин шуд.

Барчаспҳо:
боздошт, Агроинвестбонк, муовин

Мавзӯъҳои асосӣ