05:59 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1568 0 0

Муриват Маликшоев, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Русия нақл кард, ки чигуна нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик тавонистанд ба Русия сафар кунанд. Ӯ раванди пурпечутоби ташкили ин сафарро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Пас аз 10 моҳи ҳукмронии коронавирус дар марзҳои Тоҷикистону Русия, 30 январ нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик - 171 нафар озими Русия шуданд. Дар ташкили ин сафар, ки гуфта мешуд, аз ҷониби якчанд сохторҳои Русияву Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, нақши ҷамъияти тоҷикони Русия дар Иркутск "Ҳамватан" ва роҳбари он Муриват Маликшоев кам нест.

Sputnik Тоҷикистон аз Маликшоев роҳҳои ташкили вуруди муҳоҷирони тоҷикро ба Иркутск пурсон шуд.

Ёдрас мешавем, пештар ҷамъияти "Ҳамватан" хабар дода буд, ки сафари гурӯҳи дувуми муҳоҷирон низ бо мақомоти Иркутск мувофиқа шуда, раванди ташкили он оғоз гардидааст.

Ният - ними давлат

Муриват Маликшоев мегӯяд, раванди ташкили сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия чанд моҳ тӯл кашид: авал ғояи ташкили он пайдо шуду танҳо пас аз дастгирии  губернатори Иркутск ва иҷозати Ҳукумати Русия ва иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ гардид.

"Ҷамъияти мо бо вазорати меҳнат доим дар робита аст. Рӯзе ҳангоми мулоқот дар бораи вазъи муҳоҷирон, ман гуфтам, ки агар имкон пайдо мешуд ба мақомоти Иркутск овардани қисме аз онҳоро пешниҳод мекардам. Намояндагони вазорат дарҳол ин ғояи маро ҷонибдорӣ намуданд", - мегӯяд вай.

Ба қавли Маликшоев, дар ҳамин ҳол, чанд ширкати вилояти Иркутск бо пешниҳоди монанд ба мақомот муроҷиат карданд. Дар натиҷа роҳбарияти Иркутск посух дод: "шумо рӯйхати муҳоҷиронро пешниҳод кунед, мо кӯшиши ташкил карданро мекунем".

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар бархе соҳаҳои Русия, аз ҷумла сохтмон дар давораи пандемӣ норасоии қувваи корӣ ҳис мешуд, ки ба хуруҷи  муҳоҷирон аз Русия рабт медоданд.

Авал иҷозат, сипас лағви иҷозат

Ба гуфтаи Маликшоев, рӯйхати муҳоҷиронро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия тартиб доданд: қисме аз онҳо нафароне буданд, ки аллакай бо ширкатҳои зикршуда ҳамкорӣ доштанду дар Тоҷикистон дар монда буданд.

"Ҳамин рӯйхатро намояндагии Вазорати сохтмони Русия дар вилоят ба мақомоти Иркутск пешниҳод кард. Дар натиҷа, мақомоти вилоят ба номи муовини раиси Ҳукумати Русия Татяна Голикова дархост равон карданд ва дар пайи он Голикова ба якчанд мақомоти дахлдор супориши вижа дод", - таъкид мекунад Маликшоев.

Роҳбари ҷамъияти тоҷикон мегӯяд, моҳи декабр ҳуҷҷати иҷозати Ҳукумати Русияро ба даст гирифтанд ва дар тараддуди ба роҳ мондани кор бо мақомоти Тоҷикистон буданд, ки ин иҷозат бекор гадид.

"Бисту нуҳуми декабр Татяна Голикова дувумбора таъйид кард, ки Ҳукумати Русия зид нест, ки 434 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳудуди 200 шаҳрванди Ӯзбекистон - муҳоҷирони меҳнатӣ вуруди кишвар шаванд", - қайд мекунад ӯ. 

Роҳбари "Ҳамватан" дар посух ба суоли оё сафари муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ҳам аз иқдоми ҷамъият маншаъ гирифт, ҷавоби мусбӣ дод ва афзуд "худат хӯриву ҳамсоя гушна бошад намешавад, мо ки дар ин корҳо як қадам пешем, ташкил кардем ва даъват кардем, ки онҳо ҳам ҳамроҳ шаванд".

Нону насиб мегӯянд...

Ҳамин тавр аз 434 муҳоҷире, ки рӯйхати ному насабашон пешакӣ аз ду ҷониб - Тоҷикистон (Агентии кори Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - идора) ва Русия пешниҳод ва тадиқ шудааст, ба 171 нафар даст додааст, ки озими Русия шаванд.

Мақомоти Иркутск ба вуруди гурӯҳи дувуми муҳоҷирон аз Тоҷикистон иҷозат дод

Маликшоев  қайд кард, ки дар авал баъзе нозукиҳо ба назар гирифта нашуданд ва дар натиҷа маълум шуд, ки ҳудуди 36 нафари дар рӯйхат тасдиқшудадар рӯйхати сиёҳи марзбонии Русия қарор доштаанд, яъне вурудашон ба Русия баста будааст.

"Мо ҷидду ҷаҳд мекунем, ки дар умум бештар аз 300 муҳоҷирро ба Русия орем. Интизор меравад як ҳавопаймои дигар ба наздикӣ аз Тоҷикистон ба Русия муҳоҷиронро интиқол диҳад", - таъкид мекунад ҷаноби Муриват.

Маликшоев дар ҳошияи баҳсу мунозароҳое, ки дар интиқоли муҳоҷирон нақши кӣ бориз аст, мегӯяд, ин кори як нафар ё вазорат набуд, балки дастаҷмъона буд, ки бе дастгирии раиси вилояти Иркутск  Игор Кобзев имконият надошт.

Фатири масчоӣ муовини губернатори Иркутскро тасхир кард

"Корро мақомоти Иркутск хело хуб ташкил кард. Агар дастгирии губернатори вилоят намешуд, багумон аст, ки сафар сурат мегирифт", - таъкид мекунад вай ва меафзояд, ки қабули муҳоҷирон дар фурудгоҳ дар сатҳии олӣ гузашт.

Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия расиданд
Раёсати равобити байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия расиданд

Дар маросими қабули муҳоҷирон муовини губернатори Иркутск Анатолий Андреевич шахсан иштирок кардааст.

"Мо рӯзи дароз дар тараддуди қабули муҳоҷирон будем. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ шуд, вале Анатолий исрор меварзид, ки то охирон муҳоҷирро қабул накунад, ҳеҷ куҷо намеравад. Дар ҳамин ҳол, чанд сокини Масчоҳ дар даст фатир баромаданд", - нақлашро идома медиҳад Муриват Маликшоев.

Хӯроки мо ҳамон фатир шуд, вақте муовини губернатор мазаи фатирро чашид, гуфт, нони ширинтаре аз ин нахӯрдааст.

Омаданду куҷо рафтанд?

Ба гуфтаи роҳбари ҷамъитяти тоҷикон, муҳоҷирон феълан дар карантина қарор доранд ва рӯзи ҷамъа мебароянд. Онҳо ҳама дар даст бо ширкатҳои зикргардида шартнома доранд ва дар соҳаи сохтмон кор хоҳанд кард. 

Вай афзуд, ки роҳпулӣ ва дигар масрафҳоро ширкатҳои корфармо ба дӯш гирифтаву сипас аз ҳисоби кори муҳоҷирон дар муддати шаш моҳ қисм-қисм ҷуброн мекунанд.

Таджикские мигранты приехали на работу в Иркутск

Маоши муҳоҷиронро аз 60 ҳазор боло арзёбӣ мекунад.

Ҷамъияти тоҷикони "Иркутск" - "Ҳамватан"-ро Муриват Маликшоев, намояндаи вақти минтақавии тиҷорати Ҳукумати Тоҷикистон дар Русия соли 2000-ум ташкил кардааст.

Ба гуфтаи Маликшоев, ҷамъият кӯшиш мекунад, ки чеҳраи тоҷиконро дар вилоят барҷаста ва фарҳангӣ муаррифӣ кунад. Ҳамасола бо иштироки то 10 ҳазор нафар ва ташкили оши палаву намоиши либосҳо ва фурӯши колои тоҷикӣ фестивал ташкил мекунад. Наврӯз бошад, 20 сол мешавад, ки дар маркази Иркутск ва 5 сол мешавад, ки дар сатҳи вилоят таҷлил мегардад.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ