05:42 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
870 0 0

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 пешбарӣ гардид

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Рӯзи 10 январ, дар ноҳияи Рашт Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт,  Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод доир шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкор Сурайё Ӯроқова
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 пешбарӣ гардид.

Мудири мактаб ба парлумон пешбарӣ шуд

Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи қарори конференсия, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Рашт №12 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода пешбарӣ гардид.

Сардори Раёсати илми Дастгоҳи Президент аз ҳавзаи Данғара ба парлумон пешбарӣ шуд

Дар кори конфренсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода,  раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Рашт,  Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод ва вакилон иштирок намуданд.

Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
Барчаспҳо:
Маҳмадтоир Зокирзода, пешбарӣ, Парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ