Латифи Пидром дар бораи натиҷаи интихобот ва ояндаи Афғонистон

© Sputnik / Амир ИсаевЛатиф Пидром
Латиф Пидром - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Суҳбати ихтисосии Sputnik Тоҷикистон бо Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллӣ ва яке аз номзадҳои интихоботи раёсатиҷумҳурии Афғонистон

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Кумитаи марказии интихоботи Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро пирӯз эълон кард. Дар навбати худ мухолифи асосии ӯ Доктор Абдулло Абдулло ба нишони пирӯзӣ салла ба сару ҷома ба бар кард ва гуфт, ки як ҳукумати ҳамашумулро таъсис хоҳад дод. Оё ин ба маънои он нест, ки дар Афғонистон дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад? Ин вазъ чӣ гуна пеш омад?

Выборы в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи Афғонистон: кӣ чӣ қадар раъй гирифт?

Латифи Пидром: Мо аз аввал гуфта будем, ки интихобот дар ҳамин вазъияте, ки вуҷуд дорад, як интихоботи хуб намешавад. Интихобот зери дасти як кишвари ишғолгар, ки он ҳам Амрикост, одилона нахоҳад буд. Мо мегуфтем, ки чӣ гуна шароит бошад, аммо амрикоиҳо қабул намекарданд. Мегуфтанд, ҳама хуб равон аст. Мегуфтем, на чунин нест, зеро Қонуни интихобот, ҳатто Қонуни асосӣ ихтилофи ҷиддӣ дорад.

Бино ба Қонуни асосии Афғонистон, ақаллиятҳои динӣ, масалан, аҳли ҳунуд – сикхҳо ҳаққи номзадии раёсатиҷумҳуриро надоранд. Агар як низоми демократӣ мехоҳед, чаро ҳаққи як нафарро мегиред? Мо як Шӯрои номзадон ташкил дода, ин ҳамаро ба Созмони Милали Муттаҳид ва амрикоиҳо гуфтем, аммо қабул накарданд. Яке аз дархостҳои мо ин буд, ки раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбарони ҳукумати Ваҳдати миллӣ аз симатҳои худ канор раванд ва як ҳукумати сарпараст умури интихоботро ба дӯш гирад. Қабул накарданд. Ашраф Ғанӣ захоири маъмуриро ба кор бурд ва тайи 5 моҳ раъйҳоро ба нафъи худ тақаллуб кард.

Оғози гирдиҳамоии мардумӣ дар Афғонистон ба ҳимоят аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Аз сӯи дигар, ҳукумати Ваҳдати миллӣ коре анҷом надод. Ноамниву куштор ва фасод зиёд, ба мардум хадамоти зарурӣ арза нашуд. Ғанӣ гуфт, тайи се – чор соли ахир дар Афғонистон 45 ҳазор низомӣ кушта шуд. Мардуми ғайринизомӣ чӣ қадар кушта шуданд? Ин як омори даҳшатнок аст. Аз ин хотир, мардум розӣ набуд. Чун амният набуд, куштор зиёд буд, дар интихобот ширкат накард. Аз 11 миллион одами воҷиди шароити раъй (тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон, 9, 7 миллион) дар интихобот қариб 1 миллиону 820 ҳазор нафар ширкат карданд, ки барои як кишвари бо аҳолии 35 миллион сифр аст. Ин рақам куҷову 923,6 ҳазор (ҳудуди 3%) раъй ба Ғанӣ куҷо?

Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Дӯстум: таъхиркорӣ дар эълони натоиҷи интихобот ба эътирози оммавӣ меанҷомад

Ин ибтидои буҳрон буд. Марҳалаи дуввуми буҳрон ҳамон рӯзи интихобот буд, ки васатҳои рӯз гуфтанд, дастгоҳҳои биометрикӣ кор намекунанд. Дар онҳо се ё чор ҳарфи алифбо набуд. Мегуфтанд, дар дастгоҳашон ҳарфи "а", "м" ё "с" нест ва равед дар ягон ҷои дигар раъй диҳед.

Масалан, номи ман Абдулатиф аст, аммо ҳарфи "а" нест, ки маро сабт кунад, то ман раъй диҳам. Ва ман аз баҳри раъйдиҳӣ гузаштаму рафтам. Ҳазорҳо нафар номе доштанд, ки бо он ҳуруф шурӯъ мешуданд. Ин буҳрон қасдан эҷод шуд.

Марҳалаи сеюм замони пас аз раъйгирӣ пеш омад. Имрӯз, фардо ё як моҳ пас эълон мекунем, гуфта, 5 моҳ раванди шумориши ороро тӯл доданд. Дар ин муддат сандуқҳои раъйгирӣ аз ин ҷо ба он ҷо бурда мешуданд. Як рӯзу як ҳафта ва як моҳ на, панҷ моҳи тамом сандуқҳо дар ихтиёри пулис буд! Чун сандуқ дар ихтиёри пулис буд, ҳар тақаллубе, ки тавонистанд анҷом доданд ва дар ниҳоят Ғаниро пирӯз эълон карданд. Кӣ чунин натиҷаҳоро қабул мекунад? Табиист, ки ҳеҷ кас. Ва ҳоло мо пеши дуҳокимиятӣ қарор гирифтем.

“Камарро бандед!” Генерал Дӯстум омодабош эълон кард

Суол: "Суботу ҳамгироӣ" – и Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам тақаллуб кард?

Латифи Пидром: Бале, аммо бо тақаллубу бе тақаллуб раъйи бештарро ба даст оварда буд. Инро ман ҳамчун як ҳарифи ӯ мегӯям. Мо узви як Шӯрои номзадҳо будем, аммо аз оғоз то анҷом ҳамеша эълон доштем, ки натиҷаҳои интихоботро қабул нахоҳем кард ва Ғанӣ ҳам раисҷумҳури мо нест. Бисёр табиӣ мо бо тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар як масир қарор гирифтем. Ҳоло мавқеи мо ин аст, ки ҳамагӣ Ғаниро нагузорем ҳукумат кунад. Агар ҳарфи таъсиси ҳукумат бошад, бигзор, Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро таъсис диҳад, зеро раъйи бештар гирифтааст.

Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба комиссияи интихоботи Афғонистон
Суол: Дар ҳоли идомаи буҳрон чӣ пеш хоҳад омад?

Латифи Пидром: Ду роҳ аст. Яке, ҷанги нав сар мезанад ва кишвар таҷзия мешавад. Бори сеюм аст, ки амрикоиҳо ба зӯр сари мардуми Афғонистон раҳбар таҳмил мекунанд. Ин дигар қобили таҳаммул нест. Амрико ҳам дигар дар Афғонистон он қудратеро надорад, ки соли 2014 дошт. Дуюм, агар нахоҳанд, ки таҷзия шавад, як ҳукумати муваққат таъсис ёбад, ки интихоботи ҷадидро роҳандозӣ намояд. Дар ин ҳукумат на Ғанӣ, на Абдулло ва на мо набояд ҳузур дошта бошем.

Sputnik Тоҷикистон: Абдуллоҳ то куҷо имкони таъсиси ҳукумати мавозиро дорад?

Латифи Пидром: Ӯ эълон кард, аммо ин иқдом як мушкили ҳуқуқиро пеш меорад. Ҳукумати мавозӣ замоне ташкил мешавад, ки ҷанг эълон шавад, яъне як ҷониб ба ин натиҷа мерасад, ки роҳи дигари ҳалли буҳрон вуҷуд надорад. Аз лиҳози ҳуқуқӣ ин ҳукумат низ қобили қабул буда наметавонад, зеро ҷониби дигар – Ғанӣ низ ӯро қабул нахоҳад кард. Пас ҳамоно роҳи ҳал ботил эълон кардани натиҷаҳо, ташкили ҳукумати муваққат ва рафтан ба як интихоботи дигар аст.

Ашраф Ғанӣ расман дубора ба симати раисҷумҳури Афғонистон расид

Суол: Аз Ғанӣ кадом қудратҳо пуштибонӣ мекунанд?

Латифи Пидром: Амрикову Арабистони Саудӣ. Аз Абдулло амалан қудрате ҳимоят намекунад. Ҳимоят медошт, ҳатман ки пирӯз мешуд. Аммо мо аз кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама Русияву Чин, Покистон, Эрон ва ҳамсояҳои худ умедворем, ки ҳадди ақал барои барпоии адолат ба мо кӯмак мекунанд. Мо ин орзуро дорем.

Суол: Толибон эълон карданд, ки то охири моҳи феврал созишномаи сулҳ бо Амрико имзо мешавад. Оё эълони пирӯзии Ғанӣ ба ин созишнома чӣ рабт дорад, бахусус ки Толибон ҳукумати ӯро аслан қабул надоранд ва сарусадоҳое ҳам дар бораи ҳукумати муваққатӣ ва бидуни Ғанӣ вуҷуд доранд?

Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рад кард

Латифи Пидром: Он гуна ки Ғанӣ пружаи Амрикост, сулҳ бо Толибон низ пружаи Амрикост. Маҳз амрикоиҳо ба Ғанӣ дастур доданд, ки пирӯзии худро эълон кунад. Аммо ҳарфи Толибон ҷудост. Онҳо мехоҳанд минҳайси фотеҳ ва қаҳрамони ҷанг алайҳи Амрико вориди Кобул шаванд. Инро Амрико ҳеҷ гоҳ қабул нахоҳад дошт. Хуруҷи неруҳои амрикоӣ, ҳукумати муваққат ва дар оянда Иморати Исломиро мехоҳанд, ки бақия нерӯҳо, аз ҷумла мо, инро намехоҳанд. Толибон на фақат Ғанӣ, балки Абдуллоро низ қабул надоранд. Ин ба маънои ҷанги дигар аст ва аҷаб нест, ки Амрико огоҳона ин буҳронро эҷод мекунад.

Суол: Толибон мегӯянд, ки фақат пас аз имзои созишнома бо Амрико бо дигар нерӯҳои афғонӣ, аз ҷумла ҳукумати он кишвар вориди музокирот хоҳанд шуд, аммо ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ин раванд “моликияти истисноӣ” - и ҳукумат аст. Оё ин ҳол мухолифатҳои дигарро ба вуҷуд намеорад?

Захарова монеаи рушди муносиботи Русия ва ИМА-ро ном бурд

Латифи Пидром: Пушти ин бозӣ низ Амрико меистад. Тасаввур кунед, ки як ҷониб (Толибон) хуруҷи Амрикоро талаб доранд, як ҷониби дигар (ҳукумати Ғанӣ) бидуни сармоягузории Амрико як ҳафта ҳам намепояд. Агар музокира бо Толибон ба нафъи Вашингтон тамом намешавад, ҳамоно дар Афғонистон муттаҳиди худро хоҳад дошт ва дар музоқироти байнулафғонӣ ҳузури муассир хоҳад дошт. Амрико аз ин роҳ ҳузури худ дар Афғонистонро мехоҳад нигаҳ дорад ва буҳрон идома хоҳад ёфт.

Суол: Замир Кобулов, намояндаи хоси раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон эълом дошт, ки сулҳи Толибону Амрико бояд заминаи хуруҷи қонунии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон шавад ва умури сулҳу ояндаи Афғонистон ба дасти Созмони Милали Муттаҳид бошад. То куҷо ризоияти қудратҳои муассир, назири Русия аз ин созишнома муҳим аст?

Выборы в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Эълони натиҷаҳо: Абдуллоҳ аз Ғанӣ 11 дарсад камтар овоз гирифтаст

Латифи Пидром: Ин хоҳиши на фақат Русия, балки мо низ ҳаст. Барои сулҳи Афғонистон ризоият ва мушорикати тамоми қудратҳои минтақаиву ҷаҳонӣ муҳим аст, бахусус ҳамсояҳо. Амрикоиҳо бояд инро дарк кунанд, ки наметавонанд дар Афғонистон яккатоз бошанд ва дигар соли 2001 ҳам нест, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ ба онҳо бовар кунад. Воқеиятҳои ҷадидро бояд бипазиранд.

Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон натиҷаҳои интихоботи президентии ин кишварро, ки моҳи сентябри соли 2019 баргузор шуда буд, бо гузашти 5 моҳ эълон кард. Натиҷаҳое, ки аз сӯи Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси марказии интихоботи Афғонистон эълон шуданд, нишон медиҳанд, ки аксарияти оро 923,592 раъй ё 50.64% - ро президенти феълӣ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 720,841 ё 39.52% раъйро ба даст оварда, бақия аз ҳадди 75 ҳазор раъй поён гирифтаанд.

МАЪЛУМОТ: Абдулатиф Пидром соли 1963 дар вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Раиси Кунгураи миллӣ, як ҳизби сиёсии Афғонистон аст. Номзади интихоботи президентии соли 2004 ва 2009 буд, ки мутаносибан 1,4% ва 0,34% ороро ба даст овард. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 яке аз се намояндаи вилояти Бадахшон дар парлумони Афғонистон баргузида шуд. Дар интихоботи президентии соли 2019 ӯ 0.69% - и ороро ба даст овардааст.

Лентаи хабарҳо
0