10:16 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Афзори ёрирасон. Акс аз бойгонӣ

Салиби Сурх ба одамони камтавони Тоҷикистон афзорҳои ёрирасон медиҳад

CC0 / Pixabay
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
50 0 0

Бунёди "MoveAbiblity" Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх барои одамони камтавон афзорҳои ёрирасон медиҳанд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ин росто миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бунёди "MoveAbiblity" Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх ёддошти тафоҳум имзо шудааст.

Ба гузориши равобити умуми Вазорати тандурустӣ, дар бинои ин ниҳод дидори вазири тандурустӣ бо директори иҷроияи Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС MoveAbiblity) баргузор шудааст.

"Дар ин дидор миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бунёди "MoveAbiblity"-и Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх бо мақсади "Дастгирии хизматрасониҳо оид ба таъминоти шахсони маъюб бо таҷҳизоти техникии ёрирасон барои солҳои 2018 – 2019" ёдошти тафоҳум ба имзо расид", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, дар рафти мулоқот вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх гуфтушунид сурат гирифа, аз корҳои ба анҷомрасида изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати Намояндагии Федеросюни байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ баргузор шудааст.

Зимни cуҳбат масоили фаъолияти ФБҶСС ва ҲА дар ҷумҳурӣ, барномаҳои расонидани кӯмакҳои башардӯстона, фарогирии ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ баррасӣ шудааст.

Барчаспҳо:
афзорҳои ёрирасон, Вазорати тандурустӣ, Салиби сурх, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ