10:50 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Водопроводный кран, архивное фото

Шикорчиёни ВМКБ сокинони Хоруғро бо об таъмин карданд

© Sputnik / Максим Богодвид
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Мақомоти ВМКБ ба унвонии намояндаи ассотсиасияи шикорчиёни Бадахшон Соҳибқулов Қарақул мактуби миннатдорӣ ирсол менамояд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ба мақсади бо оби нӯшокӣ таъмин намудани як қисми маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ "Ассотсиасияи шикорчиёни ВМКБ" ба идораи обу ташноби вилоят ду адад дастгоҳи обкаш бо маблағи 65 000 сомонӣ дод.

Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳокимияти ВМКБ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои гарми тобистон барои сокинони Хоруғ ин ниҳоят туҳфаи арзишманд мебошад. 

Бонки ҷаҳонӣ шаҳри Хоруғро "рақамӣ" мекунад

Дар ин росто, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба унвонии намояндаи ассотсиасияи шикорчиёни Бадахшон Соҳибқулов Қарақул мактуби миннатдорӣ ирсол менамояд.

Гуфта мешавад, ки мақомот ният дорад боз 2 адад асбоби обкашро барои беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастрас намояд.

Нигаронии фиристодаи Президент аз ҷараёни сохтмонҳо дар Хоруғ ва супориш ба масъулин

Боиси нигаронӣ аст, ки аз сабаби бенизомӣ дар системаи истифодаи об, яъне миқдори зиёди оби нӯшокӣ барои обёрии заминҳои назди ҳавлигӣ истифода мешавад, инчунин сари вақт пардохт нанамудани ҳаққи истифодаи об, ҳанӯз баъзе маҳаллаҳои шаҳр аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Мавзӯъҳои асосӣ