23:54 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Изъятые у школьников предметы

Заъфи тарбия ё эҳсоси хатар: чаро донишомӯзон мусаллаҳ мешаванд

© УВД по городу Душанбе
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
32010

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти "Корд" аз мусодира кардани як адад дастгоҳи барқдиҳандаи "Электрошокер", як адад дастчӯби оҳанин ва ҳамчунин ду адад корд хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҷомеаи Тоҷикистонро вақтҳои охир хабари кордкашии ноболиғон ва мусаллаҳ шудани донишомӯзон сахт нигарон кардааст.

Толибилмон акнун дар баробари гузоштани китобу дафтар ва дигар лавозимоти мактабӣ, ҳамчунин корду силоҳи сард низ ҷой медиҳанд.

Аллакай давоми чанд ҳафтаи охир кормандони милитсия зимни баргузор намудани рейд, аз ҷувздони толибилмон корд ва силоҳҳои дигари сардро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Суоле ба миён меояд, ки оё донишҷӯ ё хонанда эҳсоси хавфу хатар  мекунад, ки барои аз худ  дифоъ кардан бо силоҳ ба дарс ҳозир мешавад?.

Таҳдиди хатар

Музаффари Имомдод як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ки аслан ба ин қабил толибилмон ҳеҷ хавфу хатаре таҳдид намекунад, балки ин мушкили хонаводагии онҳо аст.

"Мудоме, ки оила носолим аст, волидон дар муҳоҷират қарор доранд, кӯдак бе назорат мемонад, авохири он ҳатман ба ягон бадбахтие анҷом меёбад", - мегӯяд ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ӯ меафзояд, таъсири бозиҳои компютерӣ, ки ҷангу  куштор, хунрезиву занозаниро тарғиб мекунад, ба тарбияи ин насл ҳатман таъсиргузор аст.

“Онҳо пас аз тамошои ингуна бозиҳо худро қаҳрамон ҳисобида барои нишон додани қувваи худ бо ҳамсоланашон вориди набард мешаванд. Ба умеди нишон додани бартарияти худ, ногузир нафареро маҷрӯҳ ва ё ҳатто ба қатл ҳам мерасонанд”.

Таъсири муҳоҷират

Таъсиргузор будани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба рух додани кордкашии ноболиғонро як омӯзгори макотиби таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе низ тасдиқ намуда, афзуд, ки дастандаркорони ингуна ҳолатҳо ҳатман аз оиле ҳастанд, ки падар ва ё модарашон ба хотири таъмин намудани рӯзғори онҳо ба муҳоҷират рӯ овардаанд.

Трудовые мигранты возвращаются домой
Министерство занятости и трудовых отношений Узбекистана

“Мудоме, ки кӯдак аз меҳрубониву навозиш ва тарбияи волидон маҳрум мемонад, дар ӯ яъси ноумедию нобоварӣ пайдо мешавад”,- изҳор дошт ин омӯзгори мактаб.

Ба гуфти мусоҳиб, феълан дар тамоми мактабу донишгоҳҳо нуқтаҳои иловагии тафтиши толибилмон кушода шудаанд.

“Агар қаблан хонандагонро танҳо дар дари даромад тафтиш мекарданд, ҳоло ҳини вориди дарвозаи мактаб шудан бунгоҳи тафтишотӣ гузошта шудаст, ки аз сару либос  то ҷувздони муҳасиллин тафтиш мешавад”.

Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд

Ба гуфтаи ин омӯзгори мактаб, бо хонандагон пайваста  корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мешавад ва инчунин давоми як ҳафта аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ рейди тафтишотӣ доир мешавад.

Амалиёти "Корд"

Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон давоми чанд ҳафтаи ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти “Корд”- ро пиёда намудаст.

Зимни баргузор кардани ин амалиёт кормандони милитсия аз ҷузвдоничандин  хонандагон мактаб корд ва дигар силоҳҳои сардро дарёфт ва мудира намуданд.

Ба иттилои РВУД аснои баргузории амалиёти мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷайби як хонандаи синфи 11 як адад воситаи махсуси барқдиҳанда – Электрошокер дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷузвдони ду хонандаи синфи 7 ва 11 як адади корд дарёфт шудаст.

Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

Манбаъ меафзояд, нисбати волидони толибилмон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Зимнан, давоми 9 моҳи соли равон барои нақзи қонуни "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" нисбати 4421 нафар огоҳӣ ва нисбати 7114 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи умумии 1154672 сомонӣ таъйин гардидааст.

Ба мо маълум нест, ки оё волидони ин хонандагон дар муҳоҷирати меҳнатӣ  қарор доранд ё на.

Модари муҳоҷир

Аммо Зулфия ном муҳоҷирзан, ки соҳиби ду писар аст ва феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, мегӯяд пайваста дар хавотир аст, ки бо фарзандони ӯ дар ватан чи ҳодисаҳо рух медиҳад.

Ин муҳоҷирзан аллакай 10 сол мешавад, ки  дар муҳоҷират қарор дорад ва танҳо ду маротиба ба аёдати кӯдакони худ ба ватан рафтааст.

Аз бозе, ки маълумоти олӣ надорад, мегӯяд барои  пайдо кардани ҷойи кори муносиб бо маоше, ки талаботи кӯдаконашро қонеъ кунад, мушкилӣ мекашад.  

"Ман вазифадор ҳастам, ки ду писари худро  тарбия намуда ба воя расонам. Орзу дорам, то фарзандони ман соҳибмаълумот шаванд ва мисли худам дар тарбияи кӯдаконашон оҷизу нотавон набошанд", - мегӯяд Зулфия.

Ӯ мегӯяд, мисли ҳар модар бисёр мехоҳад, пайваста дар бари кӯдакони худ бошад. Аз он ғамгин ва дар талваса аст, ки фарзандони худро аз меҳру муҳаббат ва навозишаш маҳрум намудаст, вале тақозои замон ҳамин аст ва ӯ маҷбур  барои таъмин кардани онҳо бо либосу хӯрока ва лавозимоти дарсӣ дур аз назари онҳо меҳнат кунад ва онҳоро саришта намояд.

Назари равоншинос

Равоншиноси тоҷики муқими Русия Мамлакат Сулаймонова мегӯяд, ки кордкашии толибилмон ва кордгардонии онҳоро метавон ба чанд омил рабт дод.

Ӯ мегӯяд, ба ин кор аслан кӯдаконе, ки дар овони хурдсолӣ осеби рӯҳӣ дидаанд, даст мезананд. Ҳамзамон ин қабил кӯдакон аз оилаҳое бармеоянд, ки зӯроварӣ ва озордодани ҳамдигар ба ҳукми анъана даромадаст.

Чун дар чунин муҳим ба воя мерасанд, барои ӯ озор додан, даст бардоштан ба сари касе ва ё зери мушту лагад қарор додани ҳар инсон маъмулӣ аст, - мегӯяд  ӯ.

Пул, рӯҳафтодагӣ ё мушкилоти оилавӣ: чӣ мардуми Осиёро ба Сурия мебарад

Равоншинос бар ин назар аст, ки ҳамроҳи чунин кӯдакон дар мактаб бояд бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад.

“Онҳоро набояд озор дод, балки бо онҳо  муоширату муносибати наздиктарро пиёда кардан лозим аст. Набояд аз баҳри онҳо гузашт кард, балки баръакс онҳоро дар рӯҳияи инсонӣ бояд тарбия кард.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, мактаб, корд, силоҳ, хонандагон

Мавзӯъҳои асосӣ