12:44 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
964 0 0

Эҳтимол меравад, ки набераи президенти аввалини Қазоқистон Айсултон Назарбоев аз бемории қалб даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Набераи нахустин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар шаҳри Лондон аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад нашриёти ТАСС.

Айсултон Назарбоев рӯзи 16 август дар синни 30-солагӣ даргузашт. Ин ҷавон 10 рӯз пеш аз зодрӯзаш вафот кард.

Сабаби даргузашти набераи Назарбоев то ҳол номаълум аст. Сабаби эҳтимолии вафоти Айсултон бемории қалб гуфта мешавад.

Айсултон Назарбоев (Алиев) 26 августи соли 1990 ба дунё омадааст. Ӯ писари духтари бузургии президенти Қазоқистон Дарига Назарбоева ва сиёсатмадори қазоқистонӣ Раҳмат Алиев буд.

Айсултан Назарбаев

Даргузашти ҳунарманди шинохта Ҷамшед Исмоилов

Набераи Назарбоев хатмкардаи коллеҷи Байналмилалии Остона, "Мактаби байналмилалии Амрико" дар Залтсбург, буда, ҳамчунин аз мактаби Академияи шоҳигарии Бритониё гузашта ва дипломи Донишгоҳи  КИМЭП - ро бо ихтисоси "идоракунии тиҷорат" гирифтааст.

Даргузашти бародари Доналд Трамп

Айсултон Назарбоев дар Саридораи иктишофии Вазорати дифоъи Қазоқистон хизмат кардааст.

Барчаспҳо:
Нурсултон Назарбоев, набера, даргузашт, Бритониё

Мавзӯъҳои асосӣ