18:36 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2242 0 0

Овозхони саршиноси Ӯзбекистон ба тасмими ҳампешаи худ Ҷаҳонгир Отаҷонов, ки нияти кишвардор шуданро дорад, ҷавоби тунд задааст

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Юлдуз Усмонова мегӯяд, Отаҷонов қудрати идора кардани Ӯзбекистонро надорад. Ба гуфтаи ӯ кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев то расидан ба маснади президентӣ роҳи дарозу пурпечутобро тай намудааст.

Усмонова дар сафҳаи Telegram-канал Отаҷоновро ба он муттаҳам намуд, ки ӯ аз уҳдаи нигоҳ доштани оилаи худ набаромадааст.

"Нафаре, ки дар ҷодаи худ муваффақ нест ва муҳимтар аз ҳама оилаи худро нигоҳ дошта натавонист, чӣ гуна метавонад президент шавад? Ҳар кас бояд кори худро анҷом диҳад. Ин бисёр хандаовар аст ва дилам барои чунин одамон месӯзад", - мегӯяд Усмонова.

Юлдуз мегӯяд, ҳампешаи ӯ имрӯз агар як гап занад, фардо мақсади ӯ куллан тағйир меёбад. Ӯ дар муроҷиат ба нафари президентшав гуфт, ки “ҷиддӣ шавад ва мардумро масхара накунад”.

Ёдовар мешавем, овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.

Парлумони Ӯзбекистон таъйини як тоҷик ба мақоми вазириро тасдиқ кард

Дар паёми нави видеоӣ Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президентии Ӯзбекистон номзад шавад.

"Ман мардумро обод хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",-  гуфта буд овозхон.

Интизор меравад, интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон авохири моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
президент, посух, Юлдуз Усмонова

Мавзӯъҳои асосӣ