09:19 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Роҳбарони диаспораҳои Тоҷикистон,Қирғизистон ва Узбакистон бо мухлисони футбол сӯҳбати тарбиявӣ баргузор намуда,бовар кунониданд, ки чунин ҳодиса дигар такрор намешавад.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik.Роҳбарони ҷамоатҳои  миллӣ барои ҷанҷоли баамаломадаи байни футболбозон ва мухлисон дар майдони "Металлург" бахшиш пурсиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти роҳбарияти шаҳри Братск.

Ҳодисаи мазкур дар вақти давраи ниҳоии бозии футбол оид ба ҷоми "Иттиҳод- 2016" байни дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба амал омад.

Дар вақти давраи дуввум қариб 50 нафар мухлисон кӯшиш намуданд, ки ба майдон бароянд. Пас аз дахолати кормандони полис мухлисон ба ҷойҳояшон бар гардонида шуданд ва  бозӣ қатъ карда шуд.

Дар мактуб ба унвони истиқоматкунандагони шаҳри Братск ва раиси шаҳр Сергея Серебренников роҳбарони диаспорҳои тоҷик Маҳмадшоев Маҳмадисо ва Баҳромов Ҷобир, роҳбари ҷамъияти ӯзбекон Нуралиев Ҳасанбой, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Ҷамоати миллии озарии "Достлуғ" Мавсумов Алӣ Мошад ӯғлӣ ва ҳамчунин роҳбари диаспорони қирғиз Курмонов Абдуқайим дар назди истиқоматкунандагон шаҳр узрхоҳӣ намуданд.

"Мутаассифона, қисме аз мухлисон натавонистанд, ки ҳиссиёти худро идора намоянд ва хостанд, ки ба майдон бароянд. Онҳо ба ин кирдорашон бозиро вайрон намуда шаъни шаҳрро паст намуданд. Аз сидқи дил,  умедвор мешавем, ки ин вақеа муносибати ҳукумати шаҳрро нисбат ба ҳамдиёрони мо дигар намекунад",- омадааст дар мактуб.

Намояндагони ҷамоаҳои миллӣ боварӣ кунониданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои он сарф мекунанд, то ин ҳодиса бори дигар такрор наёбвад ва ҷанҷоли дар майдони варзиши сарзада, давом намеёбад.

"Ғайр аз ин мо ҳатто то давраи ниҳоӣ қарор қабул намуда будем, ки тамоми мукофотҳои аз бозӣ ҷамъомадаро ба бунёди "Помоги ребенку, и ты спасешь мир" (Ба кӯдаке кӯмак намуда, тамоми ҷаҳонро наҷот медиҳӣ) барои муолиҷаи кӯдакони бемор месупорем. Мо то ҳол ин мақсадро дорем ва ба наздикӣ ба бунёди мавсуф кӯмаки хешро равон хоҳем кард. Ҳамчунин хоҳиш мекунем, ки  роҳбарони диаспорони шаҳр вохӯрӣ барпо намуда, дар бораи вазъият ва  ҳамкориҳои оянда бо роҳбарияти шаҳри Братск мулоқот намоянд",- қайд карда мешавад дар хабар.

Мавзуъ

Футболбозони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Братск муноқишаи оммавӣ барпо намуданд
Футболбозони тоҷик дар клубҳои мамолики хориҷ
Барчаспҳо:
Узрхоҳии намояндагони ҷамаотҳои миллии шаҳри Братск, Диаспорони шаҳри Братск, шаҳри Братск, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ