05:33 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков

© Sputnik / Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
48010

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кардааст. Ба ӯ мукофоти пулӣ тақдим шудааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Зимни баргузории ХVIII – умин ҷаласаи Ансамблияи Генералии Кумитаи миллии олимпӣ, ноибони Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ва Абдуллозода Аҳтам Сомон Маҳмадбековро бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ аз номи Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.

"Ба ифтихори ин варзишгари маъруфи кишвар ҳайати Ансамблияи Генералии кишвар аз ҷой бархеста, барои дастоварди навбатии ин варзишгар, ки дар таърихи варзиши тоҷик бори аввал аст, кафкубӣ намуданд", - омадааст дар хабарномаи Кумитаи ҷавонон варзиши Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни қадрдонии ин варзишгари маъруфи кишвар, ноиби Президенти Кумитаи олимпии кишвар Шамсулло Соҳиб барои сабқатҳои минбаъда ва иштирок дар мусобиқоти гуногуни ҷаҳонӣ ба ин варзишгари маъруф бурбориҳо таманно намудааст.

Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Сомон Маҳмадбеков
Қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон аз Сомон Маҳмадбеков

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Абдуллозода Аҳтам Рустам иброз доштааст, ки "мо боварии комил дорем, ки бо дастовардҳои навбатӣ шумо имконияти иштирок дар бозиҳои тобистонаи олимпии Токио – 2020- ро ба даст оварда, миллати тоҷикро дар ин мусобиқаи бонуфӯзи ҷаҳонӣ намояндагӣ менамоед".

Ёдрас мешавем, ки пештар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз тасмими худ хабар дода гуфта буд, ки варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбековро бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархӯрдор буда, охири сол барои ин дастовардаш дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ бо ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ сарфароз мегардад.

Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Чигуна Сомон Маҳмадбеков Георгий Элбакиевро шикасту қаҳрамони ҷаҳон шуд - видео

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

Мавзӯъҳои асосӣ