01:29 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Мавзӯъҳо
Мавзӯҳо

Нишасти изтирории чархболи МИ-8 дар шарқи Тоҷикистон

 

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз нишасти изтирории чархболи МИ-8 дар шарқи Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои КҲФ, чархбол шоми 12-уми август ба куҳ бархӯрда, тамос бо он қатъ шудааст.
Бар асоси иттилоияи қаблии КҲФ, садама 12 август соати 16:30, ҳангоми интиқоли 13 куҳнавард ба қароргоҳашон дар поёноби пиряхи Фортамбек рух додааст.

Чархбол, ки ҳомили 3 халабону 13 куҳнавард будааст, нишасти изтирории сахт анҷом додааст. 

Инчунин КҲФ шаби гузашта хабар дода буд, ки тақдири халабону куҳнавардон рӯшан нест, чун тамос бо чархбол қатъ шудааст.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ин нишасти изтирорӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст, аммо мақомот ҳанӯз инро тасдиқ накардаанд. Миёни куҳнавардон шаҳрвандони собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Русияю Белорусия ва аврупоиҳо будаанд.

Гуфта мешавад, садама дар ҳоле рух дод, ки куҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

КҲФ Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар айни замон иртибот бо кӯҳнавардон дар Лахш барқарор шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуот КҲФ Тоҷикистон макони феълии онҳо дақиқ карда мешавад.