15:59 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Мавзӯъҳо
Мавзӯҳо

Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав

Русия ва Тоҷикистон таърихи муштаракеро доранд. Ҷангу сулҳ, ғалабаю шикаст... Ҳамроҳ ду миллат ҳаводиси беш аз як қарнро аз сари худ гузаронданд. Ва таърихамон фаромӯш нашудааст. Ҳатто кучаҳо, боғҳову сохтмонҳои Маскав таърихи Тоҷикистонро ёд мекунанд. 

Миёни Тоҷикистону ВДНХ, Институти шарқшиносӣ, кинотеатри “Тоҷикистон”, Хонаи назди соҳил, қабристонҳои “Донское” ва “Новодевичие”, осорхонаи “Шарқ”, Хона дар Никисткий хурд, Кремл ва Осорхонаи марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС чӣ умумияте маҳфуз аст? Тааҷҷубовар аст, аммо ҳамаи онҳо бо Тоҷикистон алоқаи хосса доранд.

Ҳар яке аз ин мавзеъҳои Маскав бевосита ба ҷумҳурии ҷавоне дар Осиёи Марказӣ, ки онро Тоҷикистон ном аст, алоқаи махсус доранд. Дар давраҳои гуногун фарзандони машҳуру маъруфи тоҷик дар Маскав ҳаёту фаъолият намуда, аз худ ва Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърих хотираҳои ҷадиде боқӣ гузоштаанд.

Агарчи дар Маскав хиёбон ё истгоҳи метро бо номи Душанбе, Тоҷикистон ё қаҳрамонони он ҳанӯз мавҷӯд нест, Агентии Sputnik Тоҷикистон чанд мавзеъи ҷолиберо барои хонандагони азизамон ёфтааст.