01:24 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
На экзамене

Аввал муйсафед баъд кампир: зани 72-сола ҳам ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорид

© Sputnik / Артем Житенев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Дар Узбакистон имсол мамониятҳои синну солӣ барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳҳои кишвар аз байн бардошта шудаст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Ӯзбакистон як зани 72-сола ҳуҷҷатҳояшро ба сифати довталаб ба Донишгоҳи давлатии Фарғона супоридааст.  Дар  ин бора ба расонаҳои Узбакистон Барно Раҷабова, сардори раёсати маркази давлатии тестӣ иттлоъ додааст.

Ба иттилои вай, маъмурияти донишгоҳ синну соли ин зани куҳансолро сарфи назар намуда, ҳуҷҷатҳояшро барои дохил шудан дар донишгоҳ пазируфт.

Ба изҳори Барно Раҷабова имсол мамониятҳои сину солӣ барои қабул шудан ба донишгоҳҳои олии кишвар дар Узбакистон аз байн бардошта шуд.

Гуфта мешавад, то имрӯз беш аз 70 ҳазор довталабон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои Узбакистон ҳуҷҷат супоридаанд.

Хоҳишмандон зиёданд: Маркази тестӣ аз тамдиди мӯҳлати бақайдгирии довталабон хабар дод

Бар асоси қароре, ки ҳукумати Узбакистон 7-уми июни сори ҷорӣ қабул намуда буд, фарзандони кормандони ниҳодҳои низомӣ ва корҳои дохилӣ, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, маъюбон ва афроди хизмати ҳарбӣ тамомкарда, барои дохил шудани ба муассисоти таълимоти олӣ имтиёз доранд.

Имтиҳоноти дохилшавӣ дар муассисоти таълимоти олии Ӯзбакистон рӯзи 25 июл шурӯъ шуда ва 20 август поён хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш  муйсафеди дигари 72-сола низ орзуи донишҷӯй шуданро намуда, ба 3 донишгоҳи давлатии Фарғона ҳуҷҷат супорида буд.

Дар ҳоле, ки ин муйсафед  алакай соли 1973 техникуми кооперативии Фарғонаро хатм намуда буд ва акнун ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории Қуқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии Намангон бо ихтисоси "забон ва адабиёти узбак" пешниҳод кардааст.

Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, муйсафед, донишгоҳ, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ