17:54 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
82320

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия имрӯз 83 -умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд.

Дар ҷашни "Мавлуд" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоътҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва Раҳмон дар меҳмонхонаи "Серена" - видеои таърихӣ

Ба муносибати 83-юмин солгарди мавлуди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Оқохони IV, дар Маскав бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур" барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони "Хушҳолӣ муборак" баргузор мешавад.

Дар ин бора раиси созмони "Нур" Карамшо Мамаднасимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Мавлуди Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав бошукӯҳ ва дар шакли муосир таҷлил мешавад

Ба гуфти ӯ таҷлили Рӯзи мавлуди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ рӯзи 22 декабр дар назар дошта шудааст. Сабаби ба таъхир афтидани таҷлили мавлудро Мамаднасимов ба банд будани толорҳо ва муносиб набудани толорҳои холӣ ба шакли нави баргузории барнома, рабт дод.

Ногуфта намонад, ки 80-умин солгарди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ низ дар Маскав соли 2016 бо консерти бошукӯҳи "Хушҳолӣ муборак" таҷлил шуда буд. Дар он овозхонони маъруф - Самандар Пӯлодов, Мадина Ақназарова, Ақназар Аловатов, гурӯҳи "Шамс", гурӯҳи "Зафар", Мутриб Шоискандаров, гурӯҳи рақсии "Нур" ва Далер Назаров ширкату ҳунарнамоӣ карда буданд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Барчаспҳо:
зодрӯз, Шоҳзода Карим Оқохони IV

Мавзӯъҳои асосӣ