Аз маориф то ҷалби сармоя: мулоқоти Расулзода бо Оверчук

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ, бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ ва тиҷорати хориҷӣ рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар ин дидор ҷонибҳо вазъи ҷойдоштаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русия ва дурнамои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.
Расулзода таъкид кардааст, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

"Дар доираи сиёсати дурбинонаи президенти Тоҷикистон ва кишвардори Русия Владимир Путин ҳамасола бо татбиқи барномаву стратегияҳои дуҷониба ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим рушд меёбад", - гуфт ӯ.

Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ ба нафъи давлатҳо баҳогузорӣ шудааст.
Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Русия тамоми мактабҳои русии Тоҷикистонро бо омӯзгор таъмин хоҳад кард
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад.
Подписание договора об образовании представителями России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Русия ва Тоҷикистон созишнома дар умури маорифро имзо карданд
Дар ҷараёни сафар намояндагони Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ баргузор хоҳанд кард.
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.
Маълум шуд, ки Русия барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо кардааст
Макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогирии 1200 хонандаро дар як вақт доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала