Парвозҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон барқарор мешавад

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-SOM, Boeing 737-93Y ERСамолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Нахустин парвози ширкати "Сомон эйр" пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон, баъди панҷ рӯзи хотирмаи эътирозҳо сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон парвозҳоро бо Алмаато аз сар мегирад.
Дар ин бора аз ширкати "Сомон эйр" ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

"Мо дар бораи азсаргирии кори фурудгоҳи Алмаато огоҳиномаи расмӣ гирифтем. Бар асоси ин огоҳӣ, дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе парвоз анҷом медиҳем", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии ширкати "Сомон эйр".

Зимнан зикр гардид, ки парвозҳои ширкати "Сомон эйр" ба Алмаато ва бозгашт ба Душанбе ҳар ҳафта дар рӯзҳои чоршанбе сурат мегирад.
Тибқи гузориши манбаъ, парвози навбатӣ ба Алмаато 19 январи соли 2022 дар назар аст.
Парвози ширкати "Air Astana" ба Душанбе рӯзи 16 январ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки аз 15 январ дар Қазоқистон қоидаҳои нави вуруд ҷорӣ мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи фармони Комиссияи байниидоравии муқобила бо сирояти коронавирус дар Қазоқистон, ҳамаи мусофироне, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бояд аз санҷиши ПСР гузаранд ва дар ҳоли манфӣ будани посухи ин озмоиш онҳо ҳаққи вуруд ба ин кишварро доранд.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия гарон шуд: сабаб
Шаҳодатномаҳо дар бораи гирифтор набудан ба коронавирус бояд аз ҷониби ҳамаи мусофирон, аз ҷумла онҳое, ки ваксина гирифтаанд, пешниҳод шаванд, танҳо кӯдакони то 5-сола истисно ҳастанд.
Қайд мешавад, ки санҷиш 72 соат аз рӯзи гирифтани намуна эътибор дорад.
Фурудгоҳи Алмаато аз 13 январ шуруъ ба кор мекунад
Қаблан хабар дода шуд, ки парвозҳои ширкати "Сомон эйр" аз Душанбе ба Алмаато, бинобар муваққатӣ баста шудани фурудгоҳи Алмаато мутаваққиф шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала