Аврупо дар шеваи муҷозоти Русия ба хулосае намерасад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкФлаги с символикой Евросоюза, архивное фото
Флаги с символикой Евросоюза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Мо розием, ки Русияро муҷозот кунем - натиҷаҳои мулоқоти дирӯзи сарони шӯъбаҳои сиёсати хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро ҳамин тавр мухтасар муайян кардан мумкин аст
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik, Елена Караева. Зеро ба назари Брюссел чунин менамояд, ки кишвари мо “барои Украина нақшаҳои низомӣ таҳия мекунад”.
Пеш аз оғози гуфтушунид катъиян таъкид карда шуд, ки мубоҳиса характери ғайрирасмй дорад, аз афти кор барои аз масъулияти оқибатҳои эҳтимолӣ озод шудан чунин эълон шуд.
Ин нишаст дар ин формат дувумин дар даҳ рӯзи ахир аст. Мавзуи асосии он тағйир намеёбад: ИА мехоҳад Русияро муҷозот кунад, барои пешниҳоди кор дар контурҳои сиёсати нави амниятӣ дар қитъа. Бо назардошти ҳам манфиати худ ва ҳам манфиатхои аврупоиҳо, ки мумкин худашон ҳанӯз инро нафаҳмида бошанд, гарчанде эҳтимоли зери тақсимот қарор гирифтани худи онҳо низ ҳаст.
Иттиҳодияи Аврупо аз он ки Русия намояндаашро то дар курсии паҳлӯӣ нишонда, ният доранд ба сиёсати хориҷии Русия манфӣ ҷилва диҳанд.
Иттиҳодияи Аврупо чӣ гуна ният дорад аз доме, ки барои худ гузоштааст ва худаш ба он афтодааст, раҳо шавад?
Строительство участка газопровода Сахалин-Хабаровск-Владивосток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
"Газпром" ба иттиҳомоти Аврупо посухи комил дод
Рӯшан аст, ки ҳоло ягон роҳи ҳалли он вуҷуд надорад, ки ба ҳама мувофиқат кунад.
Аз ин рӯ вақте ки ИМА дар бораи "таҳримҳо"-и Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ҳарф мезанад, онҳо аз он тарафи Атлантика на садо, балки як какофонияро мешунаванд.
Аврупои Шарқӣ, нео-Аврупои камтар сарватманд, ки ба зиндагӣ бо субсидияҳои саховатманди ИА одат кардааст, ки имрӯз қариб танҳо дар русбадбинӣ тиҷорат мекунад, алайҳи кишвари мо "таҳримҳои сахт" талаб мекунад. Сиёсатмадорон дар он ҷо фикр мекунанд, ки шарикони аршади онҳо Брюссел нест, балки Вашингтон аст, ки тамоми хисороти иқтисодии тахминии онҳоро ҳатто бо фоиз ҷуброн хоҳанд кард.
Ҳоло аз номи он Аврупои Ғарбӣ ду мамлакат — Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Фаронса ба сухан баромада, шарикони хурди эътилофиро ба таври дагалона дастгирӣ мекунанд.
Раисҷумҳури Фаронса ва садри аъзами Олмон ҳам аз суханони тунд ва ҳам аз лафзи дурушт худдорӣ мекунанд, зеро Ҳукумати Олмон медонад, ки дар фасли зимистон дар анборҳои сӯзишвории ин кишвар ҳоло камтар аз нисфи захираҳои ҳатмӣ мавҷуд аст ва дар Фаронса нархи бензин кайҳо аз якуним евро барои як литр гузашт ва ин валси нархҳо аллакай дар Қасри Елисей тамошо карда мешавад.
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Қасди Иттиҳоди Аврупо дар бораи нобудии Русия
Тақрибан ҳашт сол пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия барои он ки кишвари мо Қримро аз хунрезӣ муҳофизат кардааст ва аз Русия Донбассро пуштибонии сиёсӣ кардааст, Иттиҳодияи Аврупо зоҳиран дарк мекунад, ки амалан ягон фишанге барои таъсиррасонӣ ба иқтисоди моро надоранд.
Новобаста аз он ки онҳое, ки ин таҳримҳоро қабул ва тамдид кардаанд, баръакси онро исбот карданӣ мешаванд.
Киев, ки аз мавқеи Берлин баъд аз изҳороти Париж ба хашму ғазаб омада, бо кортҳои пуртаъсире, ки шарикони америкоияш ба вай партофтаанд, бозӣ мекунад.
Париж ва Берлин танҳо кишварҳои нигаронанд ва дарк мекунанд, ки дар сурати сар задани бесарусомонӣ аз ҷониби Украина онҳо бояд масъулияти асосии сиёсиро ба дӯш гиранд ва инчунин зарари ғаразҳои геополитикии Вашингтонро мақомот пардохт кунанд.
Дахолати ғайричашмдошти Британияи Кабир ба ҳамбастагии геополитикии Аврупо ба гумон аст, ки дар қитъа ба ҳамфикрӣ сабаб шавад.
Бритониё, ки наметавонад бидуни ҷанҷол ва иддаоҳо аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шаванд, ҳоло талош доранд, бо Украина бозӣ кунанд ва зоҳиран фаромӯш кардаанд, ки Берлин ва Порис ба мисли Рум ва Вена аз лиҳози ҷуғрофӣ ва молӣ ба Лондон бештар аз Киев наздиканд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Ҳушдори Лавров аз ҷанг дар Аврупо дар сурати шомилшавии Украина ба НАТО
Ва ин иқдом, албатта, боиси ғиҷирроси дандон дар байни шарикони аврупоии сарвазири Британияи Кабир шуда наметавонад.
Дар давоми солҳои зиёд баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон агар дар Аврупо онҳое пайдо мешуданд, ки ҷанги хунинеро ба амал овардан мехостанд, онро дар масофаи маълум аз сарҳадҳои Аврупо, дар Африқо ё Осиё амалӣ мекарданд.
Сабақҳои Югославия вақте ки Аврупои муттаҳидшуда бори аввал ҳам бо гурезаҳо ва ҳам бо паҳншавии яроқу аслиҳа дар қитъа дучор омад, сабақ нагирифт.
Ҳоло хатари муноқиша, бахусус бо интиқоли силоҳи марговар ба Киев, инчунин бо омадани инструкторҳои артиш ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Аммо онҳое, ки "дар Брюссел нишастаанд", ин хатарро пай намебаранд ва вонамуд мекунанд, ки омодаанд, Русияро барои "рафтори хашмгинаш" таҳрим кунанд.
Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Амрико чархболҳои Афғонистонро ба Украина медиҳад
Вазъияти ҳозира ҳолатеро ба хотир меорад, ки ҳанӯз дар нимаи солҳои 30-уми асри гузашта дар қора буд.
Мутаассифона, сабакҳои он давра ва он таърих ба таври қатъӣ фаромӯш шудаанд.
Аз ин рӯ бори дигар хотиррасон кардан беҳуда нахоҳад буд, ки онҳо дар зимни ниятҳои аслӣ иштибоҳ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0