21:00 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
65800

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи куштор дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҷинояткор ба хотири телефоне, ки ҳамагӣ 1800 сомонӣ арзиш дошт, ҷавони 28 соларо корд зада кушт

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 22 - юми сентябр дар кӯчаи Борбари шаҳри Душанбе рух додаст.

Манбаъ меафзояд, ҳинни таъқиби як ҷинояткор дар шаҳри Душанбе, намояндаи 28 - солаи  фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Наимов Мустафо Ҳайдарович кушта шуд.

Боздошти ҷавони 22-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

Марҳум ба як сокини дигари пойтахт, ки телефонашро як ҷавони тацрибан 20 - 25 сола бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ғорат намуда буд, таъқиб намуданд.

"Вақте Наимов ҷинояткорро дар назди бозори "Деҳқон" аз пой меафтонад, ҷинояткор бо корди дар дасташ буда ӯро корд зада боз фирор мекунад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан, ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бемористон аз захми корд ҷони худро аз даст дод.

Дар Душанбе ҷинояткори махсусан хавфнок ҷустуҷӯ мешавад

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки марҳум бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода барои нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ бо медали "Барои далерӣ" қадрдонӣ карда шуд.

 

Барчаспҳо:
телефон, куштор, ҷавон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ