Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Вуруд ба Русия: шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксМужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Русия аз 1 апрел парвозҳо бо Тоҷикистонро барқарор кард. Аммо шаҳрвандоне, ки мехоҳанд вуруди кишвар шаванд, бояд як қатор тартиботро риоя кунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Русия маҳдудиятҳои вуруд ба ин кишварро, ки як сол пеш дар робита бо пандемияи коронавирус ҷорӣ кард, коҳиш дод. Тақрибан як сол, бисёр кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон, дар низоми марзҳои пӯшида зиндагӣ мекарданд.
Оҳиста-оҳиста, дар асоси вазъи эпидемиологӣ, Русия ба кушодани марзҳо шурӯъ кард 31-уми марти соли 2021, Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин тағйирот ба фармони Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли 2020 таҳти рақами 635-ро имзо кард.
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвоз ба Кӯлоб иҷозат гирифт
Тибқи нусхаи нави ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба қаламрави Русияро доранд.

Ҳуҷҷатҳо ва қоидаҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон - 2021

Акнун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бидуни маҳдудият ба Русия ворид шавад.
Фармони Ҳукумати Федератсияи Русия - 2021 ба ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон дахл дорад. Ҳамин тариқ, ба муҳоҷирони меҳнатӣ дубора иҷозаи вуруд ба Русия дода мешавад. Даҳҳо ҳазор нафар ин имкониятро тамоми сол интизор буданд.
Русия инчунин ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, иҷозат дод. Ин маънои онро дорад, ҷавонони тоҷик, ки пештар онлайн таҳсил доштанд, акнун метавонанд ба дарсҳо дар донишгоҳ баргарданд.
Мигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия муайян шуд
Ҳамзамон, тоҷиконе, ки хешовандон доранд, инчунин онҳое, ки ба табобат мераванд, метавонанд ҳанӯз ҳам ба Федератсияи Русия ворид шаванд - аммо ҳоло ҳеҷ ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод карда намешавад.
Аммо, бояд қайд кард, ки ин қоидаҳо танҳо барои тоҷиконе, ки тавассути парвозҳои муқаррарӣ ба Федератсияи Русия мераванд, эътибор доранд.
Мусофирони хатсайрҳои чартерӣ бояд барои вуруд ба Русия ҳанӯз ҳам асос дошта бошанд.
Ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо аз мусофирон то ҳол талаб карда мешавад, ки қоидаҳои зидди эпидемиологиро риоя кунанд ва дар даст ҳуҷҷати тасдиқкунандаи надоштани коронаврусро дошта бошанд. Яъне аз ташхис гузашта бошанду натиҷаи он манфӣ бошад.
Таҳлил бояд на пештар аз 72 соат пеш аз сафар анҷом дода шавад. Ҳуҷҷат бояд бо ҳуруфи компютерӣ ба забони русӣ навишта шуда бошад.
Пассажиры первого рейса Сомон Эйр Душанбе-Бишкек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Озмоиши коронавирусро метавон дар шаҳрҳои Тоҷикистон дар ҳама озмоишгоҳҳои давлатӣ анҷом дод. Арзиши таҳлил 120 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки дар озмоишгоҳҳои хусусӣ озмоиш 160 сомонӣ арзиш дорад.
Муҳоҷирон ҳамчунин метавонанд дар нуқтаҳои махусусе, ки дар фурудгоҳҳо ташкил карда шудаанд, аз ташхиси коронаврус гузаранд.
Тибқи талаботи эпидемиологӣ, ҳамаи мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯшакро бечунучаро ба бар кунанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Агар ҳангоми расидан ба Маскав маълум шавад, ки шаҳодатномаи набудани COVID-19 беэътибор аст ё муҳоҷир бемории коронавирус дорад, тамоми хараҷоти сафар бар дӯши худи ӯ гузошта мешавад.

Ҷадвали парвозҳои Душанбе - Москва - Душанбе дар соли 2021

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русияро аз 1 апрел аз ҷониби ду ширкати ҳавопаймоӣ - "Ютэйр"-и Русия ва "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ҳафтае як маротиба анҷом медиҳанд.
Ширкати тоҷикӣ ҳар рӯзи сешанбе як парвоз ва рӯзҳое ҷумъа ҳар ҳафта ширкати русӣ парвоз анҷом хоҳад дод. Тибқи ҷадвал, парвоз дар масири Душанбе - Маскав - соати 12:00 ва 16:00 ба вақти маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Президент гуфт, муҳоҷирати меҳнатӣ 84% кам шуд: соли гузашта 129,8 ҳазор муҳоҷир шудаанд
Ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои"Ютэйр" ҳанӯз мушаххас карда мешавад. Сокинони Душанбе бояд барои чиптаи ҳавопаймо ба Маскав 250-350 доллар пардохт кунанд. Бозгашт ба Тоҷикистон арзонтар аст. Арзиши чипта барои парвоз аз Маскав ба Душанбе аз 150 то 250 долларро ташкил медиҳад. Чиптаи рафтуомад бояд на бештар аз 500 доллар бошад.
Мақомоти Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳушдор додааст, ки билетҳои парвозро гарон накунанд.
"Уральские авиалинии" низ иҷозаи парвозҳои мунтазам аз Тоҷикистон ба ҳафт шаҳри Русияро гирифт. Парвозҳои муназзам аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Самара, Екатеринбург, Қазон ва Уфа анҷом дода мешаванд.

Вуруд ба Русия барои мусофирони хатсайрҳои чартерӣ - 2021

Вуруд ба Русия барои тоҷиконе, ки бо хатсайрҳои чартерӣ сафар мекунанд, танҳо барои он шаҳрвандоне иҷозат дода мешавад, ки асос доранд.
Чун бинокор меоянду ғизобар мешаванд: мушкили нав бо муҳоҷирон дар Русия
Ҳамин тариқ, категорияҳои зерини хориҷиён метавонанд ба Федератсияи Русия ворид шаванд: муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар рӯйхати Роструд ба қайд гирифта шудаанд, мутахассисони баландихтисос ва аъзои оилаи онҳо; шахсоне, ки иштирокчиёни Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрӣ ба Федератсияи Россияанд, шахсоне, ки аъзои оила (ҳамсар, волидайн, фарзандон, фарзандхондагон) шаҳрвандони Русия мебошанд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи муносибат бо шаҳрванди Федератсияи Русия, ё вобаста ба марги яке аз онҳо, шаҳрвандоне, ки барои табобат меоянд ва ҳуҷҷатҳои дахлдори муассисаи тиббӣ доранд.

Қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия барои донишҷӯёни тоҷик - 2021

Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, низ иҷозаи вуруд ба ин кишварро гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни Тоҷикистон, ки соли 2020 ба донишгоҳҳои Русия дохил шуданд ва инчунин донишҷӯёне, ки бо хатсайрҳои чартерӣ ба ватан баргаштанд, то 1 сентябр натавонистанд ба ҷои таҳсилашон расанд.
Ёдрас мешаве, дар карантин барои донишҷӯёни хориҷӣ омӯзиши онлайн ташкил карда шуд, аммо ҷавонон душвориҳои зиёдро аз сар гузаронданд, зеро Интернет дар Тоҷикистон, аввалан, гаронарзиш аст, сониян, он дар ҳеҷ ҷо намерасад.
Ноиби шаҳрдори Маскав гуфт, муҳоҷиронро мунтазиранд
Ҳамин тавр, дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет қариб ки номумкин аст. Аммо, аз семестри дуюм сар карда, аксари донишгоҳҳои Русия ба таҳсили рӯзона баргаштанд, аз ин рӯ хабари қабули донишҷӯён дер боз интизор буд.
Акнун ҷавонони Тоҷикистон вақт доранд, ки сессияи тобистонаро шахсан супоранд. Тибқи иттилои Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, донишҷӯён, аспирантҳо, резидентҳо, донишҷӯёни факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон метавонанд барои идомаи таҳсил ба Русия баргарданд.
Аммо, бояд қайд кард, ки тоҷикон пеш аз вуруд ба Русия бояд дар бораи ниятҳои худ тавассути почтаи электронии донишгоҳ маълумот диҳанд.
Дар мактуб онҳо бояд санаи убури сарҳадро нишон диҳанд. Дар ҷавоб, донишгоҳ дар бораи тартиби дохилшавӣ маълумоти муфассал хоҳад гирифт.
Пеш аз рафтан, донишҷӯён, ба мисли ҳар касе, ки ба Федератсияи Русия ворид мешавад, бояд аз озмоиши коронавирус гузаранд. Ҳамзамон, пас аз вуруд ба қаламрави Русия, донишҷӯёнро зарур аст, ки бори дуюм аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Ва 14 рӯзи карантинро риоя кунанд.
Дар ин давра омӯзиш онлайн сурат мегирад. Ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат дода нашудааст, ки бидуни гузаштан аз ташхиси дуюм дар шуъбаи рӯзона таҳсил кунанд.
Сотрудник коммунальной службы убирает улицу в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2020
Қадри муҳоҷир: иқтисодиёти Русия бидуни шаҳрвандони хориҷӣ чӣ мешавад?
Карантини 14-рӯза бо дарназардошти талаботи амнияти санитарию эпидемиологӣ зарур аст. Агар дар донишҷӯ табларза, дарди гулӯ, бинӣ, сулфа ба ба қайд гирифташавад, пас бояд онҳо фавран дар ин бора ба донишгоҳ хабар диҳанд ва ба духтур муроҷиат кунанд.

Эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия - 2021

Қобили зикр аст, ки Русия дар ояндаи наздик эмгузаронӣ алайҳи коронавирусро барои муҳоҷирони корӣ ба нақша нагирифтааст. Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия изҳор доштааст, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия эм карда мешаванд.
Зимнан, эмкунии ройгони аҳолӣ аз коронавирус бо доруи AstraZeneca дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз ёфт. Ваксина ба миқдори 192 ҳазор доза ба Душанбе аз Ҳиндустон бо механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ оварда шудааст.
Тибқи Нақшаи миллии эмгузаронӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба таври ихтиёрӣ ваксинаҳои AstraZeneca мегиранд, аз ҷумла табибон, мураббиён, шаҳрвандони аз 50-сола боло.
Дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар марказҳои эмгузаронӣ кушода мешаванд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро ба маблағи 1,8 миллион воя ройгон хоҳад гирифт.

Қатъи парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон бинобар коронавирус

Русия ва Тоҷикистон парвозҳои ҳавоиро дар охири моҳи марти соли 2020 қатъ карданд, Тоҷикистон сарҳадоташро 20 март баст, Русия ҳаракати ҳавоӣ бо дигар кишварҳоро 27 март ба истиснои парвозҳои чартерӣ комилан қатъ кард.
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Ӯзбекистон аз Русия зиёдсозии парвозҳоро дархост кард: роҳи оҳанро низ баррасӣ мекунад
Аз 5 май то 13 сентябр тақрибан 5000 нафар аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия баргаштанд. Моҳи август парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон оғоз гардиданд. Барои тоҷиконе, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, аз моҳи июл то январ аз Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск ва Сургут тақрибан 600 парвоз анҷом дода шуд.
Феълан танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои истиқомат дар Русия асос доранд, метавонанд савори ҳавопаймоҳое шаванд, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд. Парвозҳои чартерӣ аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия ҳамарӯза сурат мегиранд, ки онҳоро ширкатҳои "Уральские авиалинии", "Ютэйр" ва S7 анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала