Раисҷумҳур Владимир Путин гуфт, ҳузури муҳоҷирон дар Русия барои шаҳрвандон мавзуъи бисёр ҳассос аст
Дар қиёс бо маълумоти омории моҳи гузашта шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Русия дохил шудаанд, ин моҳ то 6 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Гурӯҳҳои назоратии Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) барои тафтиши муҳоҷирон аз дастгоҳи дактилоскопӣ ва нақлиёти бо таҷҳизотҳои махсус ҷиҳозонидашуда истифода хоҳанд кард.
Ба гуфти роҳбари Бунёди рушди муносибатҳои байналмиллалии "Добрососедство" Юрий Московский, бо сабаби манъи вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия бидуни бимаи тиббӣ, муҳоҷирон аз сафар худдорӣ мекунанд, ё ба “соя” мераванд.
ХФМ Русия ворид шудани сели муҳоҷиронро аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Сурия ва Ироқ ба қайд нагирифтааст, изҳор дошт роҳбари мақомот Константин Ромодановский рӯзи сешанбе дар суҳбат ба рӯзноманигорон.
Муҳлати додани шиноснома ду баробар кам карда шуд.. Ба ғайр аз ин барқарор кардан ва ё дубора гирифтани шиносномаи гумшуда дар сурати муроҷиат ба ХФМ-и минтақа аз ин ба баъд тайи даҳ рӯз имкон дорад.
Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро, ки бар пояи он низоми гирифтани иҷозаи истиқомат аз рӯи низоми имтиёз ва доштани маълумоти зарурӣ барои хориҷиёнро фароҳам меорад, омода мекунад.
Тарифҳои пешин бо як шарт қобили қабул аст- агар маблағи пешпардохти патент то таърихи 31 декабри соли равон ба хазина супорида шавад.
Дар ин феҳраст беш аз 950 муҳоҷири меҳнатӣ ва 190 донишҷӯи тоҷик, ки дар омӯзишгоҳҳои Русия таҳсил менамуданду бо сабабҳои мухталиф иҷозаи вуруд ба ин кишварро надоштанд, дубора имтиёзи сафар ба Русияро пайдо кардаанд.
Ба қавли Буксман, маводи тавсиявӣ дар бораи тафтишу санҷиши муассисаҳои махсус низ таҳия ва омода хоҳад шуд.
Дар навбати аввал сохтмончиёне ба кор гирифта мешаванд, ки ба онҳо эҳтиёҷи бештар аст ва теъдоди онҳоро ҳукуматҳои минтақавӣ муайян хоҳанд кард.
Ин барнома аз соли 2007 оғоз гардида, тайи 8 сол 312 ҳазор нафар аз он истифода кардаанд.
Раҳбари ИФМ Русия қавоиди ҷадиди танзими раванди муҳоҷиратиро муассир унвон карда ва муътақид аст, ки бояд бидуни саросемагӣ кор карда ҳамзамон камбудиҳои ошкоршударо сареъан бартараф сохт.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ сухан дар бораи иловаҳо ба қарордоди дар соли 2014 аз сӯйи порлумонҳои ду кишвар тасвибшуда дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистону Русия меравад.
Мақомоти муҳоҷирати Русия низоми соддагардонии муҷҷавизи кор барои шаҳрвандони Қирғизистонро роҳандозӣ кард, аз ин ба баъд онҳо бенавбат патент хоҳанд гирифт.
Дар манотиқи марказии Русия мавсими кишти баҳорӣ наздик мешавад, одатан барои ин кор муҳоҷирон аз кишварҳои дуру наздикро ҷалб месозанд.
Дар арафаи таҷлил аз иди Наврӯз мақомоти муҳоҷирати Русия ба 11 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави он кишварро доданд, аз аввали сол бошад теъдоди онҳо ба 300 нафар расид.
Ҷиҳати бартараф кардани навбати патентгирӣ барои муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои мухталифи Русия ба ташкилотҳои маҳаллӣ ваколати бештар ироаъ мегардад.
Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ҳар чӣ камтар макони фаъолияти меҳнатиашонро “пойтахти шимолӣ”-и Русия интихоб мекунанд ва ин анъана рӯ ба коҳиш ёфтан дорад. Масъулини идораи муҳоҷирати ФР мегӯянд, ин амр омилҳои мавсимӣ дорад.
Ба иттилои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон сабаби аслии “депорт” шудани муҳоҷирони кории тоҷик нақзи қавонини буду боши онҳо дар Федератсияи Русия гардидааст.